Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон эъломияҳои худ дар бораи даромадҳояшонро ба мақомоти андоз супориданд.

Чӣ тавре ки мудири шӯъбаи талаботи тахассусӣ дар низоми пардохти меҳнати Раёсати хизмати давлатӣ дар назди президенти Тоҷикистон Қурбоналӣ Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1-уми апрел мӯҳлати супоридани эъломияҳо дар бораи даромад ба мақомоти андоз ба охир расид.

Аммо, мегӯяд, Қ.Азизов, дар бораи то кадом андоза дақиқ ба иҷро расидани ин маърака метавон танҳо ахири моҳ маълумоти муфассал пайдо кард. «Мо мониторинг мегузаронем ва маъмулан шурӯъ аз 20-уми апрел вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо ба супоридани эъломияҳо шурӯъ мекунанд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Қ.Азизов,   соли гузашта аз шумори умумии 19400 нафар хизматчии давлатӣ ҳамагӣ 400 нафар эъломия дар бораи даромадҳоро насупорида буданд. «Раёсати хизмати давлатӣ ҳамчунин тартиби бурдани чунин ҳисоботҳоро мавриди санҷиш қарор медиҳад», - изҳор дошт вай.

Номбурда афзуд, санҷиши боэътимодии маълумоти эъломияҳо ба дӯши мақомоти дигар вогузор шудааст. «Дар сурати ҷой доштани ҳодисаҳои аз ҷониби ин ё он шахси мансабдор харидан ё сохтмони манзили зист ва ё автомашинаи гароннарх, эъломия барои санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳукқуқ ирсол мегардад», - гуфт Қ.Азизов.