Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азщзия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон дар Б ӯ стонсарои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион ӣ оид ба рафти и ҷ рои лоиҳаҳо ва азхуднамоии маблағҳо машварати кор ӣ доир намуд.

Дар машварат ҳамчунин    Мушовири давлатии Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон оид ба сиёсати иқтисод ӣ , роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдор ва масъулини Дастгоҳи и ҷ роияи Сарвари давлат иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомал ӣ Раҳмон татбиқи босамар ва саривақтии барномаю лоиҳаҳои инвеститсиониро яке аз чораҳои муассири зиддиб ӯ ҳронии Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон   арзёб ӣ карда, аз масъулин талаб намуд, ки баҳри тезондани суръати азхуднамоии маблағҳои калони ҷ удогашта ва муҳайёсозии ҷ ойҳои нави кор ӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион ӣ , истифодаи маблағҳои ҷ удогашта ва и ҷ рои корҳои мушаххас ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии самоягузор ӣ ва идораи амволи давлат ӣ Фарух Ҳамралиев, роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ҳар як маркази татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион ӣ шунида шуд.

Аз ҷ умла зикр гардид, ки айни ҳол дар мамлакат 56 лоиҳаи инвеститсионии давлат ӣ татбиқ мешаванд ва маблағи умумии онҳо 6,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз он 74% маблағҳои имтиёзноки қарз ӣ , 15% грантҳо ва 11 дар садаш ҳиссаи Ҳукумати мамлакат аст.

Дар татбиқи ин лоиҳаҳо беш аз 60 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногуни кишвар бо ҷ ойи кор ва маоши баланд таъмин гаштаанд.

Лоиҳаҳои инвеститсионии давлат ӣ асосан аз 23 манбаъ маблағгузор ӣ шуда, дар зиёда аз 16 соҳа ва бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амал ӣ мешаванд.

Афзалияти бештар ба соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварз ӣ , азхудкунии заминҳои нав, обтаъминкун ӣ ва маорифу тандуруст ӣ дода   мешавад.

Дар   соҳаи энергетика баҳри беҳтар намудани сифати таъминот бо нер ӯ и барқу газ ба аҳол ӣ ва соҳаҳои и ҷ тимоию иқтисодии мамлакат 12 лоиҳа ба маблағи 2,4 миллиард сомон ӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Сохтмони Хати интиқоли барқи 500 киловолтаи Ҷ ануб-Шимол, ки ҳадаф аз он пайваст намудани системаи энергетикии ҷ ануб бо шимоли кишвар аст, аз лоиҳаҳои афзалиятноки ин соҳа ба шумор меравад. Бунёди ин хат ба маблағи 1 миллиард сомон ӣ идома дорад ва то моҳи ноябри соли равон бояд ба поён расад.

Сохтмони хати интиқоли барқи байнисистемавии То ҷ икистон ва Афғонистон аз лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақав ӣ буда, бо маблағи 205 миллион сомон ӣ амал ӣ мегардад ва соли 2010 бояд ба итмом расад.

Барои кам кардани талафоти қувваи барқ ва газ ба воситаи васли 160 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ ӣ ва 173 ҳазор ҳисобкунакҳои газ ӣ то соли 2011 ду лоиҳа ба маблағи 206 миллион сомон ӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Барои барқарорсозии иншооти инфраструктураи соҳаи кишоварз ӣ , системаҳои ирригацион ӣ , идоракунии захираҳои об ӣ ва обёрии заминҳо дар ҷ умҳур ӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомон ӣ   12 лоиҳа амал ӣ мегардад ва то 1 апрели соли 2009-ум                38 фоизи нақша и ҷ ро шудааст.

Дар соҳаи нақлиёт 9 лоиҳа ба маблағи умумии 2 млрд. сомон ӣ амал ӣ мешавад, ки қариб 32 фоизи портфели ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсиониро ташкил медиҳад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои соҳаи мазкур ба ҳолати    1 апрели соли равон 1,3 млрд. сомон ӣ аз худ карда шудааст, ки ин нисбат ба нақша 66 фоизро ташкил медиҳад.

Таҷдиди роҳи Душанбе-Ху ҷ анд-Чаноқ моҳи   сентябри соли равон ва сохтмони   нақбҳо   ва долонҳои   зиддитармав ӣ моҳи   июли соли 2010 бояд ба итмом расад.

Лоиҳаи та ҷ диди роҳи Душанбе – сарҳади Ҷ умҳурии Қирғизистон дар 3 марҳила ба маблағи 545 млн. сомон ӣ амал ӣ мешавад, марҳилаи якуми он ба ан ҷ ом расид ва корҳо дар марҳилаи дуюм ва сеюм мутаносибан 32 ва 12 фоиз и ҷ ро шудаанд.

Дар соҳаҳои маориф ва тандуруст ӣ 10 лоиҳаи инвеститсион ӣ ба маблағи умумии 512 млн. сомон ӣ амал ӣ гардида, аз аввали татбиқи онҳо ба ҳолати 1 апрели соли 2009         285 млн. сомон ӣ аз худ карда шудааст, ки 56 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Ҳа ҷ ми 4 лоиҳаи инвеститсион ӣ дар соҳаи обтаъминкун ӣ 220 млн. сомониро ташкил дода, аз аввали татбиқи онҳо то 1 апрели соли 2009 ҳамаг ӣ 119 млн. сомон ӣ аз худ карда шудааст, ки ин 54 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.

Умуман дар семоҳаи аввали соли 2009 дар соҳаҳои афзалиятноки ҷ умҳур ӣ ба маблағи 298 млн. сомон ӣ корҳо и ҷ ро гардиданд аз аввали татбиқи лоиҳаҳо бошад 3,7 миллиард сомон ӣ . Дар назар аст, ки то охири соли ҷ ор ӣ дар доираи лоиҳаҳои инвеститсион ӣ азхудкунии маблағҳо ба 1,5 миллиард сомон ӣ расонида мешавад.

Сарвари давлат Эмомал ӣ Раҳмон бо ву ҷ уди пешравиҳои намоён аз суръати корҳо дар татбиқи аксари лоиҳаҳои инвеститсион ӣ изҳори норозиг ӣ карда, таъкид дошт: «Дар ҳоле, ки тамоми кишварҳои дунё аз б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ ва пастравии нишондодҳои макроиқтисод ӣ бонги хатар мезананд, масъулини лоиҳаҳои инвеститсионии То ҷ икистон маблағҳои омодаи ҷ удогаштаро саривақт аз худ карда наметавонанд”.

             Кумитаи давлатии сармоягузор ӣ ва идораи амволи давлат ӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсион ӣ вазифадор гардиданд, ки суръат ва сифати корҳоро баланд бардошта, ҳар моҳ оид ба рафти амал ӣ намудани лоиҳаҳо ва чораҳои андешидашуда ба Ҳукумати мамлакат ахбори муфассал пешниҳод намоянд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.