Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни ироаи Паёми солона ба парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ як қатор тадбир пешниҳод сохт.

Ба сифати чораи зиддибӯҳронӣ ва баҳри дастгирии сохибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш дод, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа аз 20 то 18 дарсад ва андоз аз даромад аз 25 то 15 дарсад камтар карда шавад.

Зикр гардид, ки барои бартараф сохтани монеъаҳои маъмурӣ мебояд заминаи меъёриву ҳуқуқии мувофиқ таҳия кард.

Ғайр аз ин, барои дастгирии низоми бонкии кишвар ба Бонки Миллии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки фоизҳои пешниҳоди қарзро аз 12 то 10 дарсад кам кунад. Сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳукумат ва парлумони ҷумҳуриро зарур аст, асноди ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба риояи меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгаронро таҳия созанд. «Намояндагони парлумон бояд ба Қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тағйироту иловаҳо ворид созанд», - гуфт ӯ.

Сарвари давлат ҳамчунин тақозо намуд, ки ҳаҷми хароҷоти воситаҳои буҷаи давлатӣ барои сафарҳои кории мансабдорон ба андозаи 80 дарсад камтар карда шуда, ҳамчунин аз масрафи   зиёди маблағ дар баргузории чорабиниҳои гуногун дар минтақаҳо худдорӣ карда шавад.