Хуҷанд. 18-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Раёсати молияи ҳукумати вилояти Суғд, ки мабалғгузорӣ ба муассисаҳои давлатиро танзим месозад, дар доираи амалисозии чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ хароҷотро ба андозаи 15 дарсад камтар карданист.

            Чӣ тавре ки сардори раёсат Анвар Мирзоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пеш аз ҳама, ҳаҷми хароҷот барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ, харидории лавозимоти канселярӣ ва мебел барои корхонаҳо коҳиш хоҳад ёфт. «Ҳамзамон ҳаҷми хароҷот барои харидани мошинҳои хизматӣ ва сафарҳои хизматии кормандони муассисаҳои давлатӣ камтар карда мешавад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки тибқи пешгӯиҳо, аз чунин иқдом ҳаҷми сарфаи хароҷот дар муқоиса бо соли гузашта 30-40 млн. сомонӣ камтар хоҳад шуд.

            Ба қавли А.Мирзоев, пардохти музди меҳнат, ҷубронпулиҳо барои қишри камбизоати аҳолӣ ҷиҳати пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳамчунин маблағгузорӣ ба кӯдакистонҳо, макотиб ва бахши тандурустӣ бетағйир боқӣ мемонанд.