Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Чӣ тавре ки сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласаи шӯро лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи меъёрҳои техникӣ» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қоибли зикр аст, ки дар Тоҷикистон маъракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2010 барпо мешавад.

«Лоиҳаҳои мазкур дар ҷаласаи иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ, ки рӯзи 22-уми апрел доир мегарадад, мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи намояндагони мардумӣ қарор хоҳад гирифт», - афзуд ӯ.