Душанбе. 6-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имр ӯ з Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Дабири Кулли Хартияи   Энергетик ӣ Андрэ Мерниеро ба ҳузур пазируфт.

Эмомал ӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние ин мулоқотро идомаи мантиқии с ӯ ҳбате, ки онҳо се моҳ пеш дар шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия доштанд, маънидод карда, ба таҳкиму густариши ҳамкор ӣ ҳавасманд ӣ зоҳир намуданд.

“Кишвари мо дорои захираҳои бепоёни энергетик ӣ аст ва барои мавриди истифода қарор додани онҳо мо ба ҳамкории васеъ дар ин соҳа манфиатдорем”, - изҳор дошт Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон.

Ба андешаи Эмомал ӣ Раҳмон, “меъёру принсипҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетик ӣ , ки тамоми ҷ анбаҳои фаъолиятро дар ин соҳа фаро мегиранд, заминаи хуби ҳамкор ӣ ва истифодаи имкону захираҳои мав ҷ уда мебошанд”.

Андрэ Мерние дар посух изҳор дошт: -“Мо медонем, ки То ҷ икистон барои раҳо ӣ аз б ӯ ҳрони энергетик ӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ило ҷ и дигаре ғайр аз истифодаи захираҳои гидроэнергетикии худ   надорад” ва таъкид намуд, ки Хартияи   Энергетик ӣ омодааст ба татбиқи лоиҳаҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказ ӣ аз ҷ умла дар То ҷ икистону Афғонистон мусоидати фаъол намояд.

Дабири Кулли Хартияи   Энергетик ӣ мусоидат кардан ба э ҷ оди заминаи боэътимоди ҷ алб ва ҳимояи сармоягузор ӣ ба соҳаи энергетика ва ба бунёди бозори минтақавии нер ӯ и барқро аз ҳадафҳои асосии сафари худ ба То ҷ икистон маънидод кард.

Эмомал ӣ Раҳмон ва Андрэ Мерние оид ба фаъолгардонии меъёрҳои Аҳдномаи Хартияи Энергетик ӣ дар минтақаи Осиёи Марказ ӣ дар мавриди ҳамкориҳои энергетик ӣ , сохтмони нер ӯ гоҳҳои барқ ӣ ва хатҳои интиқол, таъмини транзити озоди нер ӯ и барқ ва ҳамчунин оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои об ӣ ва нер ӯ и барқ гуфтуг ӯ йи судманд ан ҷ ом доданд.

Ба гуфти Андрэ Мерние, Хартияи   Энергетик ӣ дар сурати   ву ҷ уд доштани иродаи сиёс ӣ   метавонад дар ҳаллу фасли ҳуқуқии баҳсҳои мав ҷ удаи миёни кишварҳои Осиёи Марказ ӣ оид ба истифодаи захираҳои обию энергетик ӣ саҳмгузор бошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.