Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Украина бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Италия дар мавриди табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ (реадмиссия) тавофуқ ҳосил карданист. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Украина Василий Мармазов хабар додааст.
Тибқи иттилои хабаргузории «Українські новини», Украина бо Италия дар робита ба ин масъала дар марҳилаи аввали таҳияи асноди марбута қарор дошта, феълан машваратҳо доир мегарданд. «Бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз раванди гуфтушунид идома дорад», - омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.
Мармазов ҳамчунин гуфтааст, гуфтушунидҳо роҷеъ ба ин масъала бо Арманистону Лубнон ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд. «Феълан Украина дар бораи табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо 15 кишвари дунё тавофуқ ҳосил кардааст, ки асосан давлатҳои узви ИДМ мебошанд», - афзудааст номбурда.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста