Душанбе. 15-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.
Сарони ду давлат аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо асосан изҳори қаноатмандӣ карда, густариши минбаъда ва такон додани ҳамкориҳои судманди иқтисодиро зарур шумурданд.
Эмомалӣ
Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла баҳри татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаи КАСАРЕМ (хатти 1000-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон) таъкид намуданд.
Ба пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар ва баромадани Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрӣ тавассути бандарҳои Покистон низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба авзои минтақавию ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ баҳри таҳкими амнияту субот дар минтақа
сурат гирифт.
Ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Екатеринбурги Федратсияи Русия ба кори худ пагоҳ шурӯъ мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста