Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Бирама Боубакар Сидиберо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории То ҷ икистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии минтақав ӣ баррас ӣ шуд.

Бирама Боубакар Сидибе То ҷ икистонро яке аз аъзои бисёр муҳим, фаъол ва ташаббускори Бонки Исломии Рушд номида, изҳор дошт, ки ӯ ба ин ҷ о   барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда   ва к ӯ макрасон ӣ баҳри коҳиш додани таъсири б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ омадааст.  

Бо қаноатманд ӣ зикр гардид, ки аз замони узвияти То ҷ икистон дар Бонки Исломии Рушд, яъне аз соли 1997 ба ин с ӯ дар ин   ҷ о 19 созишномаи қарз ӣ ва 11 лоиҳаи грант ӣ бо дастгирии молиявии ин бонк амал ӣ шудаанд.

Айни ҳол дар То ҷ икистон аз ҷ ониби Бонки Исломии Рушд 8 лоиҳаи инвеститсион ӣ сармоягузор ӣ карда мешавад, ки маблағи умумии онҳо 91,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки мутобиқи Барномаи сесолаи ҳамкор ӣ бо   Бонки Исломии Рушд то соли 2011 дар То ҷ икистон 7 созишномаи қарз ӣ бо маблағи 80 миллион доллари амрико ӣ ва 5 лоиҳаи грант ӣ ба маблағи 1,3 миллион доллари амрико ӣ амал ӣ хоҳанд шуд.

Таъкид гардид, ки дар ҷ араёни ҳамин сафар Бирама Боубакар Сидибе ду созишномаи қарзии Бонки Исломии Рушдро бо сохторҳои дахлдори То ҷ икистон ба имзо мерасонад, ки мутобиқи онҳо 20 миллион доллари амрико ӣ барои сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди К ӯ лоб -   Қалъаи Хумб ва 10 миллион доллари амрико ӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои хурди рушди деҳот ҷ удо карда хоҳад шуд.

Бирама Боубакар Сидибе   ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои муайяну мушаххас намудани роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда ва ҳа ҷ ми к ӯ макҳои ояндаи молияв ӣ ба То ҷ икистон ба наздик ӣ ба шаҳри Душанбе гур ӯ ҳи кории Бонки Исломии Рушд ташриф хоҳад овард.

Дар То ҷ икистон таъсис додани як бонк, ки бо усулҳои исломии бонкдор ӣ фаъолият дошта бошад, зарур шумурда шуд.  

Зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкории То ҷ икистону Бонки Исломии Рушд дар соҳаҳои маориф, тандуруст ӣ , энергетика, кишоварз ӣ , нақлиёт ва ҳамчунин атрофи татбиқи лоиҳаҳои калонҳа ҷ ми дорои аҳамияти минтақав ӣ гуфтуг ӯ йи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.