Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи шӯро масоили ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи аслиҳа», «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2011», «Дар бораи реклама» ва Кодекси гумруки ҶТ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Дар бораи аудити экологӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» низ мавриди муҳокимаи аъзои шӯро қарор гирифтанд.

«Бо қарори шӯро масъалаҳои зикршуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми МН МО ҶТ даъвати чорум дохил гардид, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта баргузор мешавад», - афзуданд дар хадамоти матбуот.