Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парламентӣ таҳти сарпарастии Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» баргузор гардид, ки дар он вакилони ин мақоми олии қонунгузор, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, муҳокимаи парламентиро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки мақсади асосии баргузории ҷаласаи имрӯза дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ҳаматарафа муҳокима намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мебошад. Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни номбурда бо мақсади истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ, яъне пасандозҳои мардум дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён намуда буд, таҳия карда шудааст.

Таъкид шуд, ки таклифу эрод ва тавсияҳое, ки аз тарафи иштироккунадагони ҷаласаи имрӯза пешниҳод карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба лоиҳаи Қонуни зикргардида ворид карда мешаванд.

Сипас, дар назди ҳозирон вакили Маҷлиси намояндагон ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур Исмоил Талбаков суханронӣ намуд. Номбурда зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкурро, пеш аз ҳама, аз дигаргуниҳое, ки дар иқтисоди миллии кишвар дар соҳаи истифодаи манбаъҳои иловагии молиявӣ, пасандозҳои аҳолӣ ба миён омадаанд, арзёбӣ кард.

Вакили Маҷлиси намояндагон дар идомаи сӯҳбати худ изҳор дошт, ки дар вохӯриҳо интихобкунандагон истифодаи самараноноки манбаъҳои иловагиро барои пешниҳоди қарзҳо аз ҳисоби ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ба истеҳсолоти воқеӣ мунтазам таъкид менамуданд. Дар зарфи 10 соли охир бошад, пасандозҳо ба ташкилотҳои қарзӣ беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар соли 2010 ба андозаи 3,3 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бошад, 13,1 фоизро таъмин менамояд. Қариб нисфи онро пасандозҳои аҳолӣ ташкил медиҳад. Натиҷаи ҳамин аст, ки имконияти молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ хеле беҳтар гардида истодааст. Боиси қаноатмандист, ки ба давраи нимсолаи якуми соли ҷорӣ аллакай маблағи пасандозҳо ба 3,7 миллиард сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 зиёд аст.

Бино бар гуфтаи Исмоил Талбаков, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин замина ҳоло ҳам имконоти ҳанӯз истифоданашуда хеле зиёданд, аз ин лиҳоз идома додани сиёсати таъмини устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва вусъати фаъолияти онҳо бо роҳи такмил додани шароит барои ҷалби воситаҳои озоди пули аҳолӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии бонкӣ ва соддаву шаффоф намудани тартиби анҷомдиҳии он шарти муҳим дар шароити ҳозира маҳсуб мешавад.

«Ҷанбаи дигаре, ки зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни номбурдаро ба миён меорад, ин таҷрибаи ҷаҳони муосир дар рушди муносибатҳои молиявию қарзӣ мебошад», - гуфт Исмоил Талбаков ва илова намуд, ки кишвари мо дар раванди ҷаҳонишавӣ аз дигаргунҳои молиявию қарзӣ дар арсаи байналмилалӣ берун буда наметавонад. Ҳанӯз дар солҳои 20-30-юми асри гузашта ҳамкориҳои байналмилалии итиффоқҳои қарзӣ таъсис ёфта буданд. Ҳоло дар 92 давлати дунё 46 616 итиффоқҳои қарзӣ фаъолият доранд ва дар сафҳои худ қариб 200 миллион аъзоро муттаҳид сохта, сандуқи қарзии онҳо бештар аз як трилион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар суханронии вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид шуд, ки дар сурати қабул шудани қонуни мазкур имконият пайдо мешавад, ки дар кишвари мо низ итиффоқҳои қарзӣ ва асотсиатсияҳои итиффоқҳои қарзӣ таъсис дода шаванд ва онҳо ҳамкории сундмандро бо дигар ассотсиатсияҳои қарзии дунё ба роҳ монда, дар ин замина ба иқтисодиёти миллии мо захираҳои зиёди қарзии арзонро ҷалб намоянд.

«Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи итиффоқи қарзӣ», ба андешаи мо, яке аз санадҳои муҳиме хоҳад шуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва молиявии иттифоқи қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ба миён меоянд, ба танзим даровада, манфиатҳои иштирокчиёни онро ҳифз намуда, самаранок истифодабарии манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд” – изҳор дошт вакили Маҷлиси намояндагон.

 Дар назди иштирокдорони ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ ҳамчунин Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Юсуфиён, Директори иҷроияи Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳод Акбаров, Директори генералии ҶСП ТАКХ «Боварӣ ва Ҳамкорӣ» Нуринисо Рустамова, Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ Абдулвосеъ Ҳакимов, Директори иҷроияи фонди қарзии “Боршуд” Муҳаммадрабӣ Ризвонов ва вакилони Маҷлиси намояндагон Амирхон Сафаров, Нодира Турдиматова, Бибидавлат Афзалшоева, Саттор Холов, Маҳмадшариф Нозимов суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба масъалаи муҳикимашаванда иброз доштанд.

Сипас байни ширкаткунандагони муҳокимаи парламентӣ вобаста ба масъалаи баррасишаванда баҳсу музокира сурат гирифт.

Дар поёни ҷаласаи муҳокимаи парламентӣ аз рӯи масъала вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» қарори дахлдор қабул шуд.