Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Агентии назорати маводи нашаовар ва Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз зарурати муборизаи беамон бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ, пурзӯр намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун онҳоро ба хизмати софдилона ва босадоқат ҳидоят намуд.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир тарбияи хуби кадрҳои ҷавон ва риояи одоби муомилаю муошират бо мардум дода шуд.