Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи муваққатии экологӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссияи муваққатии экологӣ ва намояндагону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласа ду масъала - «Дар бораи баррасӣ ва таҳлили фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» оиди ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои экологии корхона» ва «Дар бораи рафти иҷрои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 дар бахши таъмини суботи экологӣ» мавриди баррасӣ қарор гифтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон, узви Комиссияи экологӣ Маҳмадшариф Ҳақдодов ва Директори ҳифзи меҳнат, экология ва сифати КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Уктам Ҳайдаров баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи кории начандон тӯлонӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида бошад ҳам, вале имрӯз воқеият аз мо талаб дорад, ки фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшем.

Тазаккур дода шуд, ки дар давами сол на кам аз ду маротиба аъзои Комиссияи экологӣ барои аз наздик шинос шудан ва тайёр намудани маълумотнома ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаи Комиссияи экологӣ ба корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик» сафарҳои хизматии корӣ анҷом медиҳанд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа - «Дар бораи рафти иҷрои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 дар бахши таъмини суботи экологӣ» бошад, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов ва узви Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева баромад намуда, иброз доштанд, ки Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қисми таркибии барномаи миёнамӯҳлати амалигардонии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ба ҳисоб рафта, ҷабҳаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар ин давра муайян менамояд.

Бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои Стратегияи мазкур ҷиҳати татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ бо назардошти захираҳои мавҷуда ва эҳтиёҷоти иловагӣ чораҳои мушаххас ба нақша гирифта шудаанд, ки онҳо ба ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ баҳри паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар равона мегарданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.