Моддаҳои туҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат хабар дод, чанде қабл президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тағйироти дахлдор дар ин бора ба Кодекси ҷиноиро, ки қаблан аз ҷониби парлумон қабул шуда буд, ба имзо расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми марти соли равон дар маҷлиси бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон хориҷ карда шаванд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки хориҷ шудани ин моддаҳо аз Кодекси ҷиноӣ ба рушди озодии баён ва демократия дар кишвар мусоидат мекунад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат президенти ҷумҳурӣ чанде қабл ҳамчунин як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Аз ҷумла, қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Дар бораи мараторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ва ғайра ба тасвиб расиданд.

Тамоми қонунҳо ва тағйироту иловаҳои ба онҳо воридшуда, ки аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расиданд, пас аз нашр дар матбуоти расмӣ ҳукми қонуниро соҳиб мешаванд.