Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мувофиқа бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сардорони чор раёсати Вазорати мудофиа шахсони дигар таъин шуданд.

Комиссари комиссариати ҳарбии муттаҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва комиссарони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Рӯдакӣ, Вахш, Қумсангир, Бохтар, Балҷувон, Носири Хисрав, Ҷиликул, Шаҳритус, Сарбанд ва Мастчоҳ иваз карда шуданд.

Панҷ нафар ба вазифаҳои масъулиятнок дар ҳайати роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва шуъбаи минтақавии он дар минтақаи Рашт таъин гардид.

Ба вазифаҳои Муовини якуми раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони судҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Панҷи вилояти Хатлон шахсони дигар омаданд ва чор нафар ба вазифаҳои судя дар суди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон таъин шуданд. Ҳамчунин Прокурори шаҳри Роғун иваз карда шуд.