Дар Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни асосии ҷумҳурӣ (Конститутсия) омода шудааст, ки шояд тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ қабул карда шаванд.

Имрӯз  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар дар лаҳзаи охир вакил Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод намуд, ки тағйироту иловаҳои аз ҷониби як гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ ва аъзои палатаи болоии парлумон пешниҳодгардида дар кумита ва комисссияҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои қабули онҳо санаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ муайян карда шавад.

Манбаъҳои «Азия-Плюс» дар палатаи поёнии парлумон дар ин робита изҳор намуданд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсия махфӣ омода гардида, айни замон аз моҳияту муҳтавои он ҳатто худи вакилони мардумӣ ҳам огаҳӣ надоранд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки тағйироту иловаҳои мазкур метавонанд ба моддаҳои Конститутсия дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ (манъи бақайдгирии ҳизбҳои дорои хусусияти динӣ) дахл дошта бошанд.