Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки дар он тартиби савгандёдкуии аъзои ҳукумат ба президенти кишвар зикр шудааст. Қоидаи асосӣ - дастро болои Конститутсия гузоштан ва қироат кардани матни савганд дар бораи хизмати содиқона баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст.
Дар фармони президент гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар вазъи тантанавӣ дар Кохи миллат доир гардида, шумор ва доираи иштирокчиёни он аз ҷониби худи президент муайян карда мешавад.
Қабл аз маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар толор Парчами давлатӣ ва Ливо (Штандарт)-и президент ва дар мизи махсус аз тарафи рости шахси савгандёдмекарда Конститутсияи Тоҷикистон гузошта шуда, баъди ба толор ворид шудани сарвари давлат маросим оғоз меёбад.
Варақаи савгандёдкунӣ бо имзои аъзои ҳукумат дар парвандаҳои шахсии онҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат нигаҳдорӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат ба Президенти мамлакат баъди қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсия дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май ҷорӣ шуд.
Моҳи октябри соли 2016 вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ на ба Президент, балки ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд. Акнун аъзои ҳукумат навбати худро интизоранд.




