Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) раиси пойтахт Рустами Эмомалиро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии №25 пешбарӣ намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин ҳавза номзад аз Ҳизби аграрӣ Фазлиддин Икромов ва аз Ҳизби демократ Ҳикматулло Саидиён рақибони Рустами Эмомалӣ мебошанд.
Ҳамчунин ҲХДТ муовини аввали раиси пойтахт Маҳмадсаид Зувайдзодаро аз ҳавзаи интихоботии №62 номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ кардааст. Дар ин ҳавза ҳамчунин номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Маъсума Алиева низ сабтином шудааст.
Қаблан ин ҳавзаҳоро дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ роҳбари дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ Фирӯз Ӯлмасов намояндагӣ мекарданд, ки бо хоҳиши худашон ваколатҳояшонро қатъ карданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар ҳавзаҳои зикршуда ба санаи 2 апрел таъин шудааст.




