Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ворид кардани тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷорисозии ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад, маъқул донистанд.
Аз тағйироту иловаҳои мазкур аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ якдилона ҷонибдорӣ карданд.
Минбаъд барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандон ба маблағи аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Ғайр аз ин, дар иҷлосия тағйироту иловаҳое, ки мувофиқи онҳо ҷорӣ кардани ҷарима ба маблағи аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ барои паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО пешбинӣ шудааст, низ тасдиқ гардиданд.
Тағйироту иловаҳо баъд аз имзо кардани раисҷумҳур ва нашр дар ВАО-и давлатӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста