Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 1 январи соли 2021 ба вуруди воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат маҳдудият ҷорӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахти Тоҷикистон.
Ин қарор бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт қабул мешавад.
Ба ин тариқ, аз 1 январ ронандагони машғули мусофиркашонӣ аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, Кӯлоб, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат, ки тариқи Дарвозаҳои шарқии шаҳр ба пойтахт меоянд, уҳдадор мешаванд, ки мусофирони худро дар терминали “Шарқ транс”, воқеъ дар баромад аз Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат аз автомашина пиёда кунанд.
Мусофироне, ки аз шаҳру навоҳии дар боло зикршуда ба пойтахт меоянд, барои воридшавӣ ба Душанбе метавонанд аз хизматрасонии микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и №18, 39 ва автобусҳои №2, 4, 7, 43 истифода баранд.
Мусофироне, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияҳои вилояти Хатлон тариқи Дарвозаҳои ҷанубии шаҳр ба пойтахт меоянд, дар терминали ҶСП “Тоҷиквнешранс”, воқеъ дар баромад аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ аз автомашинаҳо фароварда мешаванд.
Аз ин терминал мусофирон бо истифода аз хизматрасониҳои микроавтобусҳои № 3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва автобусҳои №1, 2 , 43 ба дохили шаҳр ворид шуда метавонанд.
Дар шаҳрдорӣ қайд карданд, ки ин қарори раиси пойтахт алҳол ба автомашинаҳое, ки бо мусофирон аз самти Варзобу вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор ба Душанбе меоянд, дахл надорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
"Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон" ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ карданд
Воридоти панелҳои офтобӣ то соли 2031 аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
“Амнияти хонандагони тоҷик бояд ҳифз шавад”. Мактуби вазири маорифи Тоҷикистон ба ҳамтои русаш дар робита ба қатли Қобилҷон
Эмомалӣ Раҳмон бо императори Ҷопон дидор кард
Иқтисоди кадом кишварҳо бештар ба интиқоли пул аз муҳоҷирон вобаста аст?
AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд
Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” ба ду ҷашнвораи байналмилалии синамо роҳ ёфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста