Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки Барномаи давлатии пурзӯр намудани ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шавад.
Қарори марбутаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилоти ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 30 август ба нашр расид.
Дар қарор дастур дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур тасдиқ карда шавад. Барои ин чорабиниҳо то соли 2026 ба сурати умум ҷудо гардидани ҳудуди 15,6 млн сомонӣ (1,5 млн доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Ин маблағҳо аз Буҷети давлатӣ ва “дигар сарчашмаҳо” ҷудо карда мешаванд.
Ҳадафи аслии таҳияи барномаи мазкур тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва маълумот бо дастрасии маҳдуд тариқи шабакаҳои техникӣ унвон мешавад.
Таҳияи Барнома бо он асоснок карда мешавад, ки дар шароити имрӯза ба таври бояду шояд роҳандозӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ки аз сирри давлатӣ иборат аст, аҳаммияти хосса пайдо намуда, дар таъмини амнияти миллӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд.
Дар санад гуфта мешавад, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар фаъолияти аксарияти соҳаҳои давлатӣ ҷараёни дастрасии кишварҳои хориҷиро ба маълумоти махфӣ осон кардааст.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои расидан ба ҳадафҳои худ дар дастрасӣ ба иттилооти махфӣ мунтазам имконоти низомҳои худ ва комплексҳои дорои вазифаҳои бисёри худро беҳтар мекунанд.
“Дар ин робита таҳия ва ҷорисозии низомҳои нави иктишоф (разведка), такмили восита ва тарзу усулҳои ҷамъоварии маълумот ва коркарди автоматии он, тайёр кардани таҳлилгарон ва дигар мутахассисони баландихтисос ҷараён дорад”, - таъкид месозанд муаллифони Барнома.
Таҳиягарони санад инчунин таъкид мекунанд, ки шумори мақомоти дорои реҷаи кори махфӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз ҳазор адад расида, сол то сол тамоили афзоиши онҳо ва мутаносибан, хавфи дастрасӣ пайдо кардан ба маълумоти дорои сирри давлатӣ зиёд мешавад.
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонӣ барои муҳоҷирон дар дастгоҳи президенти Русия
Оғози музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
“Парасту-2025” ҷамъбаст гардид. Шоҳҷоиза ва ҷоизаҳои дигар насиби кӣ шуд?
Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 маълум шуданд. Тоҷикистон ҳам ҳаст
Чаро истгоҳи назди собиқ бинои телевизиони “Сафина” канда шуд?
Оғози корҳои сохтмони хонаҳои нав барои осебдидагон аз заминларза дар Тоҷикобод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста