Раҷаббой Аҳмадзод, раиси вилояти Суғд бо чанде аз намояндагони мақомоти вилоятӣ аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳоти “Овчи Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки раиси вилоят аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар ба наздикону пайвандони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ кард.
Манбаъ гуфт, Аҳмадзода бо аҳолии зарардидаи ин ноҳия мулоқот кард ва гуфт манзили онҳо пурра барқарор карда мешавад.
“Барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари муноқиша ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, барои бунёди манзил ва сарпаноҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, - гуфтанд аз хадамоти матбуоти раиси вилоят.
Ёдрас мекунем, ки дар брифинги рӯзи 19 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод, ки то 19-уми сентябр дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон 41 сокини Тоҷикистон кушта шудаву даҳҳо хона вайрону валангор шудаанд.
Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷарёани ин даргириҳо хабар медиҳад.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста