Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 ноябр бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сафари президент аз ноҳияи Қубодиён оғоз шуд. Дар ин ҷо ӯ нахуст бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуд.


Гуфта мешавад, бинои иловагии нав дар ҷойи бинои фарсудаи қаблӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.


Пас аз ин Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии “Бобо Ҷӯра” ташриф оварда, аз ҷараёни дарави шолӣ дар ин хоҷагӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.


Дар маркази ноҳияи Қубодиён бо иштироки сарвари давлат майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Дар доираи сафар ба ноҳияи Қубодиён бо ҳузури президент инчунин биноҳои шуъбаи маорифи ноҳия, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернати ноҳия ба истифода дода шуданд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф оварда, дар деҳаи Меҳргон аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” боздид ба амал овард.


Дар ҳамин ҷо сарвари давлат ба фаъолияти Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус” оғоз бахшид, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фузайл Қодиров сохта шудааст.


Ҳамчунин сарвари давлат бо фаъолияти Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” шинос шуд.


Дар ноҳияи Шаҳритус Эмолмалӣ Раҳмон инчунин аз хоҷагии деҳқонии “Ситора” боздид намуда, аз намоиши дастовардҳои меҳнаткашон боздид кард.


Хоҷагии деҳқонии “Ситора” дар ихтиёри худ 5,45 гектар замин дорад, ки аз он 5,30 гектарашро замини корами обӣ ва 0,50 гектарашро боғ ташкил медиҳад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ раҳсипор гардида, Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуд. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.


Сипас бо ҳузури президент Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ ҶТ ва бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ноҳияи Панҷ сарвари давлат Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода дод. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр ва қутраш 2 метрро ташкил дода, дар маҷмӯъ баландии он бо сутунпояаш ба 22 метр баробар аст.


Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст.


Дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия президент бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншоот аз 2 бино иборат буда, дорои 51 хона, аз ҷумла 23 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 10 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад.

Сарвари давлат дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ бо 122 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омадаанд, суҳбати самимона анҷом дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои арзанда, ки аз китоб, сару либоси зимистона ва кумакҳои молиявӣ иборат буд, қадрдонӣ намуд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.