Имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳукумати вилояти Хатлон, чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят ва бахши маорифи кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Ҳамчунин, раиси ҷумҳур як додрасро ба нафақа фиристод ва ду додрасро барои паст задани “шаъну эътибори судя” озод кард.
Ҳамин тавр, Музаффар Мирзозода муовини якум, Ҷамшед Каримзода ва Анзурат Абдусаломзода муовинони раиси вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Ҳамчунин, Суҳайлӣ Қурбонзода муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин гардид. Ӯ то ин замон дар вазифаи сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Файзулло Баротзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар озод ва ба ҷойи ӯ Абдулмаҷид Муминзод, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин гардид. Абдулмаҷид Муминзод то ин лаҳза сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дилшод Асозода аз вазифаи раиси шаҳри Норак озод ва ба ҷойи ӯ Фирӯза Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак таъин гардид.
Ҷаббори Ғаффор аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус озод ва ба ҷойи ӯ Тағай Абдуллозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус таъин карда шуд.
Исломиддин Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Данғара озод ва ба ҷойи ӯ Сиҷоуддин Саломзода таъин карда шуд.
Музаффар Мирзозода аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг озод ва ба ҷойи ӯ Фаррухиддин Набизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин карда шуд.
Лутфия Шарифзода аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод озод ва ба ҷойи ӯ Сайвалӣ Амирзода таъин гардид.
Холмурод Раҳмон аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод ва ба ҷойи ӯ Рустам Холиқзода таъин карда шуд.
Бобишо Холзода аз вазифаи раиси ноҳияи Файзобод озод ва ба ҷойи ӯ Мансур Каримзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин гардид.
Раҳимҷон Муқимӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод ва ба ҷойи ӯ Зарина Идизода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шуд.
Тоҳир Қудратзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов озод ва ба ҷойи ӯ Олимбек Юлдошзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин карда шуд.
Муминзода Мастура Табарӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Бунафша Файзиддинзодаро иваз кард, ки дирӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин гардида буд.
Носир Суризода Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Абдухалил Ғафурзода аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба ҷойи ӯ Сафарзода Даврон Ҷурахон таъин карда шуд.
Ҳамчунин бо қарори ҳукумат Шодӣ Сафаров аз вазифаи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммадшо Абдуллозода таъин гардид.
Қурбоншо Абдуллозода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон” озод ва ба ҷойи ӯ Шуҳрат Каримзода Бозор таъин карда шуд.
Илёсиддин Камолиддинзода аз вазифаи роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” озод ва ба ҷойи ӯ Муҳаммад Муҳаммадзода таъин карда шуд.
Ҷамшед Намоззода директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» таъин карда шуд.
Давлатзода Салим Музаффар муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста