Дирӯз, 11-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Душанбе омад, мулоқот кард.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду кишвар, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз мекунад, баррасӣ шуданд.
“Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “нерӯи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” зоҳир гардид”, - зикр мекунад манбаъ.
Пештар Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон Абдулло Ориповро дар фурудгоҳ пешвоз гирифта, суҳбати кутоҳе анҷом дод, аммо мулоқоти расмии онҳо имрӯз, 12-уми март, дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар пайи им мулоқот санади дахлдор ба имзо расад.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста