Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар 37 сохтори мухталифи шаҳрдорӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Сомонаи шаҳрдорӣ дар ин бора хабари кӯтоҳ нашр кард, вале дар бораи он ки киҳо аз вазифа барканор ва мансаби нав гирифтанд, хабар надод. «Азия-Плюс» маълум кард, ки киҳо аз мансаб озод ва вазифаи нав гирифтанд.

“Пайёми Душанбе”, нашрияи расмии шаҳрдории Душанбе дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук”, исми чанде аз мансабдорони навро нашр кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Дилрабо Ашӯрова ба ҷои Заррина Зухорова сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Дилрабо Ашӯрова қаблан муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе буд. Маълум нест, ки Зарина Зуҳурова, ки чандин сол дар сохторҳои гуногуни шаҳрдорӣ кор карда буд, ба кадом мансаб таъин шдааст.

Раҷабалӣ Бобохонов ба ҷои Раҳимзода Шоҳзод, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Раҷабалӣ Бобохонзода 30 сола буда, 2 фарзанд дорад ва то таъин шудан ба ҳайси сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе ба ҳайси ёрдамчии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аз он қабл, чандин сол дар Донишгоҳи миллӣ аз ҷумла ба ҳайси муовини декани риштаи иқтисоду менеҷмент, муовини ректор оид ба таълим ва ёрдамчии ректор фаъолият доштааст.

Дилшоди Ҷамшед, мудири шуъбаи сайёҳии шаҳрдории Душанбе таъин шудааст. Ӯ дар ин мақом Комрон Зафарзодро иваз кардааст. Маълум нест, ки Зафарзод ба чӣ вазифа таъин шудааст.

Ҳамчунин, Давлат Давлатзода ба ҷои Мустафо Шоталабзода сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Дшанбе таъин гардидааст.

Аз чап ба рост: Иброҳим Пирназарзода, Давлатзода Сурайё, Талабов Шарофиддин, Саъдизода Ҷаҳонгир
Коллажи АП

Маҳмадалӣ Ҳабибзода, сардори Раёсати фарҳанги Душанбе таъин шуд. То ин замон дар ин маснаб Нуралӣ Шоҳиён кор мекард. Маълум нест, ки Шоҳиён ба кадом мансаб таъин шудааст.

Ҷаҳонгир Саъдизода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдори таъин шудааст. Ӯ қаблан мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Бо қарорҳои дигари Рустами Эмомалӣ, Собир Ташрифзода, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинг ва Шарофиддин Талабов, директори Муассисаи давлатии “Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе" таъин шуданд. Онҳо киҳоро иваз карданд маълум нест. Ҳамчунин, гуфта намешавад, ки онҳо пеш аз ин дар кадом мансаб кор мекарданд.

Насимҷон Каримзода ба ҷои Маҳмадсалим Шарифзода сардори Раёсати хадамоти давлатии назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳрдории Душанбе таъин шудааст.

Иброҳим Пирназарзода мудири Муассисаи давлатии “Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” ва Давлатзода Сурайё директори Муассисаи давлатии “Маркази худшиносии бонувони шаҳри Душанбе” таъин шуданд.

Саидзода Сайёд Майдон директори Муассисаи давлатии "Меҳмонхонаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе" таъин шудааст.

Ҳамчунин, муовинони раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои пойтахт, инчунин, роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардидаанд. Ба “Азия-Плюс” имкон нашуд, ки ному насаби онҳоро дарёфт кунад.

Аз шаҳрдории Душанбе бо ишора ба сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон гуфтанд, дертар дар бораи ин тағйрот маълумот медиҳанд. 

Бодя гуфт, ки рӯзи 15 апрел бо фармонҳои президент, Билол Иброҳим “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳияи пойтахт таъйин шуд. Маълум нест, ки Билол Иброҳим ба чӣ мансабе таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.