Имрӯз, 6-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ тағйироти кадрӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Аммо ҳоло аз нафарони навтаъин ном бурда намешавад.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳаҳо таъин карда шуданд.
Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким ба вазифаи муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиёр ва Бодуршозода Мералӣ муовинони директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони як қатор раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, роҳбарони ду сохтори Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавон ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин хостааст, барои таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба кишвар, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат, афзунсозии захираҳои давлатӣ ва ҳифзи субот дар бозори истеъмолӣ, беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ заҳмат кашида, ба Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста