Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ, Исматулло Абдуллозода, директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо бо муовинонаш аз вазифа озод кард. Сабаби барканории онҳо "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон" зимни санҷиши молиявӣ гуфта мешавад.
Ба ҷои Абдуллозода директори нави фурудугоҳ, Зайнулло Шарифзода таъин шуд. Шарифзода то ин дам директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон кор мекард.
Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон менависад, ки бо қарорҳои алоҳидаи президент, Раҳмон Исломиддин, ки то ин дам сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Темурҷон Абдулваҳобзода, ки чанде пештар вафот кард, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) таъин шудааст. Ба курсии роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода такя зад.

Ҳамчунин, бо фармони раисҷумҳур, Сорбон Холмуҳамадзода, директори Агентии навтаъсиси назорати давлатии энергетикии назди президенти Тоҷикистон таъин гардид.
Бо фармонҳои дигари президент, нафарони зерин ба мансаб таъин шуданд:
- Муҳиддин Каримзода, фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон;
- Саломатшо Мирзозода, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ;
- Далер Муродализода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, бо қарори президент нафарони зерин ба вазифа таъин шуданд:
- Иноятулло Абдурраҳмонзода, муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ;
- Насимҷон Каримзода, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- Абдураҳмон Ашурализода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;
- Зоҳир Олимзода, муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио;
- Усмоналӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
- Бобоҷон Сатторзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Ҳамчунин, роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” иваз карда шуданд.
“Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ ва фармондеҳӣ дар сохторҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ кадрҳои ҷавону варзидаи соҳибтахассуси ин соҳаҳо таъин гардиданд”, - навиштааст хадамоти матбуотӣ.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро ба ҳузур пазируфта, ба кадрҳои дар бахшҳои мудофиа ва ҳифзи сарҳади давлатӣ таъиншуда “пеш аз ҳама, ба пурзӯр намудани назорати интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии доимии ҷангии ҷузъу томҳои низомӣ, аз худ намудани забонҳои байналмилалӣ ва техникаю технологияи муосири ҳарбӣ ва бахусус ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон” ҳидоят намудааст.

Таъкид гардидааст, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба хусус дар мақомоти назоратӣ, ба савияи донишу маҳорат, касбият ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста