Ду ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Одинсовои вилояти Маскав тавассути ҳавопаймо ба Душанбе оварда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд, рӯзи 2-юми феврал ҷасади сокини шаҳри Кӯлоб Самариддини Бобохони 19-сола, ки бар асари беморӣ дар беморхонаи шаҳри Одинсово фавтидааст, ба шаҳри Душанбе оварда шуд.
«Ҷасади сокини 45-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Тоҳир Каримов, ки дар як ҷанҷолу занозанӣ кушта шуд, рӯзи 3-юми феврал ба ватан фиристода шуд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, кормандони намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи мари Т.Каримов бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Одинсово мулоқот карда, огаҳ шудаанд, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷииноӣ боз шудааст.
«Ба гумони даст доштан дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон сокини шаҳри Одинсово Юрий Пронченков ба ҳабс гирифта шудааст. Тибқи фарзияи тафтишот, куштор бар асари нофаҳмӣ миёни онҳо ба вуқӯъ пайвастааст», - афзуд манбаъ.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста