Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дорад.
Тавре як манбаъ аз Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, рӯзи душанбе ӯ бо аҳолии ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ як силсила мулоқотҳо анҷом дода, дар ҷараёни он далелҳои қонуншиканӣ дар қаламрави вилоят, рафти тафтиши онҳо ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳлилу баррасӣ шуданд.
«Дар вохӯрӣ Ш.Салимзода аз далелҳои мушаххаси ҷиноятҳое, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар қаламрави вилоят содир шудааст, сухан гуфт. Ӯ бо таассуф изҳор намуд, ки ҳолатҳое ҷой доранд, ки қишри ҷудогонаи аҳолӣ ба пинҳон гардидани қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд», - гуфт манбаъ.
Дар робита ба ин, прокурори генералӣ ба прокуророни шаҳру навоҳии вилоят супориш дод, ки равобит бо аҳолиро бештар мустаҳкам намоянд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста