То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 71% ба иҷро расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват пас аз як моҳи оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ дар 12 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пурра ба иҷро расидааст.
Ба қавли вай, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 77,5%, вилояти Суғд – 68,5%, ВМКБ – 91,3%, ноҳияҳои тобеи марказ – 65% ва шаҳри Душанбе – 65% ба иҷро расидааст.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.
Комиссияи ҷумҳурияии ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова сарварӣ мекунад. Сардори Раёсати тадорукотӣ-сафарбарии Ситоди кулли Вазорати мудофиа Хушвақт Мироваров муовини ӯ таъин гардидааст.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста