Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ овозаҳои кушта дарёфт шудани духтарони хурдсол Араловаҳо ва гӯё аз ҷониби мақомот пинҳон доштани ин маълумот барои сар назадани воҳимаҳо миёни аҳолиро рад мекунад.

Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки аз ҷустуҷӯи духтарони хурдсол алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудаааст.

«Ман шахсан шоми 3-юми апрел ва субҳи имрӯз дар телевизион суханронӣ намуда, аз шаҳрвандон хоҳиш кардам, ки агар маълумоти пурқимате дар ин бора дар даст дошта бошанд, ба мақомот пешниҳод кунанд. Ному насаби онҳо маҳфуз нигоҳ дошта шуда, аз ҷониби вазорат бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ мешаванд», - иброз дошт ӯ.

ВКД аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки нисбати ноболиғони гумшуда Маликаву Сабина ягон маълумоте доранд ва ё онҳоро дар ягонҷо дидаанд, эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки тавассути «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ 221-21-21, бо телефонҳои  223-23-31, 227-98-98, 221-08-30, 227- 00-57 ва ё бо таври хаттӣ ба ВКД ва ШВКД дар ҷойҳо хабар диҳанд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба ҳодисаи беномунишон гум шудани ноболиғон Аралова Малика ва Аралова Сабина дар таърихи 25 марти соли равон Фармони махсуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар бораи созмон додани гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ интишор гардида, қазияи мазкур зери назорати қатъии Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад.

Тамоми фарзияҳои ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дошта, баҳри пайдо кардани маълумот ва дарёфти ҳарчи зудтари онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мешавад. Мавзеъҳои гирду атрофи макони ҳодиса мавриди назорат ва ҷустуҷӯ қарор дорад, зеро макони бедаракшавии духтарчаҳо ҷойи пуриздиҳом буда, онҷо марказҳои тиҷоратӣ, вокзал бозор ва иншооти зиёди бахши хусусӣ воқеъ аст.

Ба ҷустуҷӯ ҳамчунин ихтиёриёни гурӯҳи махсуси дар ин робита таъсисёфта дар шабакаи Фейсбук низ пайвастаанд. Онҳо аксҳои духтарони бедаракшударо дар мавзеъҳои гуногуни шаҳр ширеш намуда, мардуми зиёдеро дар макони гумшавии онҳо пурсуҷӯ доранд.

Ёдрас мекунем, ки шоми 25-уми март, тақрибан соатҳои 16 дар Душанбе ду духтарчаи хурдсол - Малика Араловаи 6-сола ва духтари хурдсоли амакаш Сабина Араловаи 4-сола дар назди ҳавлии хонаашон машғули бозӣ буда, вале баъди чанде бедарак шудаанд. Волидайни онҳо дар ин бора ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат карданд. Онҳо аз манзилашон, ки дар суроғаи кӯчаи Айнӣ, хонаи 32/1 воқеъ аст, ба берун рафта, дигар бедарак шудаанд.