Аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ҳудуди 500 нафар ҷабрдидагон аз ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон тӯли 6 соли ахир муайян карда шуданд.
Мушовири СБМ оид ба мубориза зидди хариду фурӯши одамон Гулчеҳра Иброҳимова ба журналистон дар ин робита хабар дод, ки тӯли солҳои 2006-2012 аз ҷониби кормандони созмони мазкур 469 нафар қурбонии хариду фурӯши одамон муайян карда шудаанд, ки 258 нафарашонро занони синнусоли аз 14 то 47 сола ва 211 нафарашонро мардони синнусоли аз 14 то 60-сола (миёни онҳо 90 напрашон ноболиғон) ташкил медиҳанд. Аз ин шумор ба 263 нафар дар шелтерҳо (паноҳгоҳ) кӯмак расонида шудааст.
«Айни замон бо мусоидати СБМ дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои мардону занон яктогӣ паноҳгоҳҳо фаъолият мекунанд, ки дар як вақт метавонанд 6-12 нафарро қабул намоянд»,- иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, аз моҳи апрел идоракунии ин паноҳгоҳҳо ба дӯши созмонҳои шарики СБМ – Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» дар Душанбе ва Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар Хуҷанд вогузор шудааст. «Аксаран ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон ба Русия бурда мешаванд, дар 35%-и ҳолатҳо қурбони ғуломии шаҳвонӣ гардида, дар 40%-и ҳолатҳо ба корҳои маҷбурӣ ҷалб мешаванд», - гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (ҳамин давраи соли 2012 – 533 ҷиноят) пешгирӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 130 (Одамрабоӣ)-и КҶ ҶТ дар ин давра 5 парвандаи ҷиноӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 6 парванда) ва тибқи моддаи 130, дараҷ. 1 (Хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (семоҳаи аввали соли 2012 – 3 парванда) боз шудааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста