Дар қишлоқи Кокули ҷамоати “Ғалаба” дар ноҳияи Фархор маросими бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастгирии фаъолияти поккории механикии минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур дар солҳои 2012-2013 бо маблағи умумии 212,892 доллари ИМА аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта аз тарафи Фонди Швейтсария оид ба поккории минаҳо (FSD) амалӣ гардид.

Ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар ҶТ ва ҷаноби Ричард Шмидт, роҳбари лоиҳа ва Ддиректори минтақавии FSD, ҳамчунин намояндагони марбути лоиҳа дар чорабинии мазкур ширкат варзида, оид ба ҷамъбасти фаъолияти бомуваффақ поксозии минаҳо суханони табрикотӣ иброз намуданд.

FSD ба ҳайси яке аз мақомоти ботаҷрибаи соҳаи мазкур, дар безараргардонии минаҳо дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Аз соли 2011 то ҳол FSD бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон амалиёти поккории механикии худро тавассути дастгоҳи махсуси безарарсозӣ MV-4 оғоз намуд. Амалиёти мазкур такони пурзӯре барои зиёд намудани дараҷаи иқтидори поккории минаҳо дар мӯҳлати ҷудогардида буд.                 

Дар доираи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои фаъолияти самараноки поккории механикии минаҳо дастгоҳи МV-4 харидорӣ гардид. Гайр аз ин, FSD барои як гурӯҳи поккории механикии минаҳо курсҳои омӯзишӣ гузаронида, ин гурӯҳро бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз гардонид ва дар ҷойҳои хавфнок мустақар намуд. Аз моҳи марти соли 2012 то моҳи апрели соли 2013 FSD тақрибан 590,000 метри мураббаъ майдонҳои минтақаҳои хатарнокро дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Қабодиён ва Шаҳритуз поккорӣ намуда, заминҳои безараргардидаро ба мақомоти маҳаллӣ супорид. Мақомоти маҳаллӣ ба корҳои барқарорсозии иншоотҳо дар ин заминҳо оғоз намуда аксари онҳоро ба ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ барои баҳрабардорӣ хоҳанд гузошт. Дар назар дошта шудааст, ки амалишавии лоиҳаи мазкур на танҳо барои амнияти башарӣ дар Тоҷикистон, балки баҳри рушди соҳаи иқтисодӣ дар ин маҳалҳо саҳм мегузорад.