Айни замон вазъ дар марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон орому амн буда, таҳти назорат қарор дорад.
Сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Қирғизистон ба ду чоҳи нафтӣ даъво дорад, ки феълан кори онҳо қатъ шудааст. «Марзро гурӯҳи пурзӯршудаи марзбонони тоҷик посбонӣ мекунанд», - иброз дошт ӯ.
Дар идома ӯ зикр кард, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд имрӯз комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо ба ҳаллу фасли ин масъала мепардозад.
Қобили зикр аст, ки то ҳол ҳудуди нисфи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ нашудааст.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки рӯзи 24-уми октябр як гурӯҳи беш аз 100-нафараи хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон то масофаи 500 метр ворид шуда, ин амал мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолияти чоҳи нафтӣ то муайян шудани мансубияти он мебошад.
Ба сафири Тоҷикистон бо талаби таъҷилан аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шудани марзбонони тоҷик ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези вазъи мавҷуда нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон супурда шуд.




Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
“Нарх гарон мешавад”. Ҷанг дар Эрон тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст
Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати раҳбари олии Эрон интихоб шуданаш табрик гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2026
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста