Рӯзи 10-уми ноябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Рӯзи милисаи тоҷикро таҷлил мекунанд. Имрӯз дар толори Кохи Ваҳдат бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия ҷаласаи идона баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорон, ҳайати шахсӣ ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок доштанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, аз номи президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёров Паёми табрикотии сарвари давлатро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ироа намуд.
Сипас вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич баромад намуда, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадоронро бахшида ба ин Рӯзи фаромӯшнашаванда, табрику муборакбод намуда, аз қаҳрамонию ҷоннисориҳои онҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ёдовар гардид.
Мавсуф махсус қайд намуд, ки матонату шуҷоат ва мардонагию ҷонсупории онҳо буд, ки дар кишвар сулҳу субот ва оромию осудагӣ таъмин гардид. Вазири корҳои дохилӣ инчунин, аз ғамхорию таваҷҷӯҳи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти корҳои дохилӣ, бунёди садҳо иншооту биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, дастовардҳои беназири ин сохтори бонуфузи кишвар суханронӣ намуд.
Сипас консерти идона ин чорабининии бошукӯҳро идома бахшид.
Таърихи таъсисёбии милисаи тоҷик аз 7 декабри соли 1924 оғоз меёбад. Дар он рӯз Комиссариати халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон таъсис ёфта, Абдулло Ёрмуҳаммедов аввалин комиссари халқии корҳои дохилӣ таъин шуда буд.
1 январи соли 1925 –ум 33 нафар кормандони Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз Тошкент ба шаҳри Душанбе сафар карда ва 5 феврал ба пойтахти Тоҷикистон расиданд. Рӯзи дигар аввалин маҷлиси машваратии Комиссариати инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусёлистии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаи фаъолияти Комиссариати халқии корҳои дохилӣ баррасӣ шуд. Маҳз ҳамин рӯз, 6 феврали соли 1925 Рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик шуморида мешавад ва аз соли 1994 кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон рӯи иди касбиашонро 6-уми феврал ҷашн мегирифтанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста