Собиқ фармондеҳи яке аз қисмҳои низомии Горди Миллӣ полковник Бобоҷон Ҷамолзода фармондеҳи Горди миллии ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Дар ин вазифа ӯ Раҷабалӣ Раҳмоналиевро иваз намуд, ки имрӯз бо фармони президент муовини аввали раиси КДАМ – фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар таъин гардид. Собиқ сардори Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Шералӣ Мирзо курсии вазири мудофиаи ҷумҳуриро ишғол кард.

Горди миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1995 таъсис дода шуд. Фармондеҳи нахусти он замон Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев буд, ки то соли 2004-ум сарварии онро ба уҳда дошт. Соли 2004 Горди президентӣ  ба Горди миллӣ табдили ном карда, Раҷабалӣ Раҳмоналиев фармондеҳи он таъин гардид.