Ба истеҳсолоти суди ҳарбии гарнизони Хатлон нисбати нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми порадиҳӣ парвандаи ҷиноятӣ ворид гардид.

Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон Исмоилбек Мирмахсумов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нозири мизи ҳарбии ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб Маҳмуд Пиров ба порадиҳӣ ба корманди прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб гумонбар дониста мешавад.

Тибқи маводи тафтишот, парвандаи ҷиноӣ нисбати як сокини ҳамин ҷамоат, наваскар Э.Шеров мутобиқи моддаи 375, қ. 1-и КҶ ҶТ (Фирор аз хизмати ҳарбӣ) дар истеҳсолоти прокуратураи гарнизони Хатлон қарор дошта, нозир Маҳмуд Пиров аз корманди прокуратураи ҳарбӣ дархост мекунад, ки наваскар Э.Шеров ба маҳкама кашида нашавад ва барои ин ба сифати пора ба ӯ 500 доллари ИМА пешниҳод мекунад.

Рӯзи 24-уми сентябри соли равон Маҳмуд Пиров бо далели шайъӣ боздошт шуда, ба ӯ мутобиқи моддаи 320, қ. 1-и КҶ ҶТ (Додани пора) айбнома пешниҳод гардид.

Зимнан зикр гардид, ки дар парвандаи ҷиноии мазкур падари наваскар Мӯсо Шеров ва яке аз наздикони ӯ Абдураҳмон Шеров низ ҳузур дошта, дар фурсати наздиктарин суд ба баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур оғоз мекунад.