Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) оид ба дараҷаи омодагии фурудгоҳ машқҳои навбатии омӯзишӣ доир гардиданд.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, бо садо додани бонги хатар бахшҳои махсус, аз ҷумла гурӯҳи наҷотдиҳии садамавӣ, сухторнишонӣ, қисми санитарӣ-авиатсионӣ ва масъулини хадамот дар ҷойи эълоншудаи хатар, дар мӯҳлатҳои таъиншуда ҳозир шуданд. Аз ҷониби роҳбари машқи санҷишӣ ба масъулини хадамот ва бахшҳо дастури алоҳида дода мешуд. Ҳамагон пас аз расидан дар ҷойи таъин дарак меёфтанд, ки бонги хатар машқи навбатии омӯзишӣ буда, аз ҷониби Хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии парвозҳо барои муайян намудани дараҷаи омодагии фурудгоҳ ба ҳолатҳои фавқулода эълон шудааст.
Сардори Хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии парвозҳо Қудратулло Одинаев иброз дошт, ки машқи имрӯза дар пайи садамаи дар фурудгоҳи Қазон рухдодаи ҳавопаймои мусофиркаш гузаронида мешавад. «Мо бояд омодагии ҳамешагӣ дошта бошем, то дар мавридҳои рух додани садама саривақт ва дуруст амал карда тавонем», - гуфт ӯ.
Дар фурудгоҳи Душанбе бобати омодагии ҳамешагӣ ба ҳолатҳои фақулодда пайваста дарсҳои назариявӣ гузашта бо салоҳдиди вазъ машқҳои амалӣ низ гузаронида мешаванд.
Бонги хатари имрӯза бори дигар нишон дод, ки бахшҳои махсуси хадамоти таъминоти ҷустуҷӯӣ ва садамавӣ-наҷотдиҳии парвозҳо, қисми тиббӣ, бахши сухторнишонӣ, хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ, хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Душанбе дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд.
Машқи имрӯзаро нозирони амнияти парвозҳои фурудгоҳи Душанбе назора намуда, ба амалҳои иҷрошуда баҳои қаноъатбахш доданд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста