Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, изҳор медорад, ки дар ҳодисаи фоҷеабори ҳамлаи террористон ба госпитали Яман шаҳрвандони Тоҷикистони муқими ин кишвар осеб надидаанд. Қобили зикр аст, ки дар ин ҳамлаи марговар беш аз 50 нафар кормандонӣ тиббӣ ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати иттилооти ВКХ ҶТ хабар доданд, сафоратхонаи Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ қазият мазкурро таҳти назорат қарор додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, миёни ҳалокшудагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Дар ҳамин ҳол, дар бораи шумори мушаххаси шаҳрвандони тоҷики муқими Яман маълумот дода нашуд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои араб асосан дар соҳаи тандурустӣ фаъолият мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки шумори қурбониёни ҳамла ба маҷмааи биноҳои Вазорати мудофиаи Яман, ки чанде қабл рух дод, то ба 57 нафар расид.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2025
“Монед рӯи бачаамро бинанд”. Гузориш аз маросими ҷанозаи Қобилҷон Алиев, навраси дар Русия кушташудаи тоҷик
Муттаҳам ба куштори Қобилҷон Алиев 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд
Ҷангалҳо нобуд ва хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон бештар мешавад
“Дар зиндон ҷарроҳӣ шуд”. Рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода аввалин зодрӯзашро дар зиндон мегузаронад
Даргузашти Хайриддин Абдураҳимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон. Ӯ кӣ буд?
Қобилҷон Алиевро ба хок супурданд. Намози ҷанозаи ӯ бо ҳузури муфтии кишвар хонда шуд
“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард
Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста