Ёвари президент оид ба масъалаҳои амният Шералӣ Хайруллоев Хайруллоев тасдиқ мекунад, ки коргардонҳо ва дирижёрони рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар Душанбе қарор доранд. Дар ин бора ӯ дар вохӯри бо фаъолони маркази вилоят ибрози назар кард.
«Ман бо онҳо тариқи телефон суҳбат кардам. Касоне, ки аз берун мушкилоти Бадахшонро ҳал карданианд, ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон набуда, дар Хоруғ на оилаашон ҳасту на хешу табор доранд», - иттилоъ медиҳад Хайруллоев. Ӯ фаъолони шаҳрро ба ҳушёрӣ даъват намуда, илова мекунад, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ пеши роҳи ин шахсонро чизе гирифта наметавонад.
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз мансаб ва мақоми шаҳрвандӣ, гунаҳкорон ҳатман муҷозот мешаванд. «Ба комиссияи тафтиши ин ҳодисаҳо мо касонеро шомил кардем, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намуданд. Чунин ҳолат дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷой надорад, вале мо ин роҳро пеш гирифтем, то ки баъд нагӯянд, ки тафтиш якҷониба сурат гирифт», - зикр мекунад Хайруллоев.
Ба қавли собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, дар натиҷаи оташзании се бинои маъмурӣ (прокуратура, суд ва милитсия) дар ҳаҷми беш аз 10 млн. сомонӣ зиён расонида шудааст.
Ёвари президент мегӯяд, дар Тоҷикистон ду минтақаи мухолифатовар мавҷуд аст, ки якеаш ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дақиқан Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ дар марз бо Қирғизистон ва дигарӣ ВМКб – шаҳри Хоруғ аст.
Хайруллоев ҳамчунин хотирнишон кард, ки аз соли 2012 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷаммӯъи толибон ба мушоҳида мерасад ва агар дар Тоҷикистон вазъ ноором гардад, ин ҷо дарҳол аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ансоруллоҳ», Толибон, «Ал-Қоида» ва дигарон пайдо мешаванд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста