Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) ё худ НАТО дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ ва оид ба транзити қӯшунҳои (нерӯҳои) СААШ ва ҳайати СААШ-ро маъқул шуморид.
Ба гуфтаи вакили парлумон Саттор Холов, созишномаи мазкур шартҳои транзити ҳайати шахсӣ ва техникаи НАТО тариқи қаламрави Тоҷикистонро муайян мекунад. «Дар ин санад ҳамчунин шартҳои истифодаи иншооти зербино ва коммуникатсияи Тоҷикистон аз ҷониби НАТО низ зикр шуда, дар маҷмӯъ созишнома аз 18 банд иборат аст», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки баъди ташаннуҷи вазъ дар Покистон нерӯҳои НАТО барои хурӯҷ аз Афғонистон маҷбур шуданд, ки танҳо аз самти ба истилоҳ «хатсайри шимолӣ», яъне тариқи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва минбаъд Аврупо истифода кунанд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста