Пас аз ҳодисае , ки дар қаламрави деҳаи Бедаки ҷмоати Ворухи ноҳияи Исфара миёни аҳолии маҳаллӣ ва марзбонони Қирғизистон рух дода, бар асари он 1 тан куштаву 8 нафар ҷароҳат бардоштанд, аҳолии Ворух гирдиҳамойӣ ташкил карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара хабар дод, онҳо талаб кардаанд, ки ба амалҳои ғайриқонунии марзбонони қирғиз хотима гузошта шавад.
Ба гуфтаи ӯ, марзбонони қирғиз ба ҷойи баргузории гирдиҳамойӣ омада, сӯи издиҳоми мардум бетартибона тир кушодаанд, ки дар натиҷа ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд. Марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз сокинони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки ба хонаҳояшон пароканда шаванд ва баъди ин марзбонони қирғиз маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд. «Аҳолии шаҳри Исфара дар ташвиш буда, ҳукуматдорони маҳаллӣ кӯшиш доранд, ки онҳоро ором созанд», - гуфт манбаъ.
Дар идома ӯ қайд кард, ки аз ҷаласаи оғозгардидаи муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва алоамтгузорӣ дар марзи давлатӣ бо иштироки муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев алҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.
«Ҳайатҳои ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки дар вазъи ноороме, ки айни замон дар Исфара ҳукмфармо аст, наметавон ҳеҷ тавофуқе ба даст овард ва аз ин рӯ, озими шаҳри Қайроққум шуданд, ки то ки дар он ҷо ба гуфтушунид идома диҳанд», - афзуд ӯ.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста