Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудов бо мушовири байналмиллалии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҷаноби Йозеф Радиметский баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҷаноби Радиметский ба Тоҷикистон барои гузаронидани баҳодиҳии хизматрасонии табобати нашъамандӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи зербарномаи “Пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ дар байни гурӯҳҳои озурдаи Барномаи минтақавии дастгирии кӯшишҳо дар соҳаи мубориза бо маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ташриф овардааст.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи “Барномаи миллии пешгирии нашъамандӣ ва такмил додани кӯмаки наркологӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017”, марҳилаи лоиҳавии терапияи метадонӣ муҳокима гардиданд. Қайд гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ - ин пешгирӣ намудани нашъамандӣ дар байни аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он аз тарафи Агентӣ чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон гузаронида, буклетҳо ба хати арабӣ нашр ва ба иштирокчиён паҳн гардиданд. Ҳамкории судманди ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ бо Агентӣ дар масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ махсус қайд гардид.
Инчунин фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ муҳокима гардид, ки дар он рафти таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” баррасӣ гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ мебошад.
Инчунин зарурияти омӯзиш ва аз нав омода сохтани кадрҳо дар соҳаи назорат аз болои муомилоти қонунии маводи нашъаовар, нашр намудани плакатҳои зиддимухаддиротӣ, омода намудни видеороликҳои иҷтимоӣ, омӯзонидани ҳайати кормандони диспансери наркологӣ ба усулҳои нави табобат қайд гардид.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста