Раҳбарияти Қирғизистон як ҳайати ҳукуматиашро ҷиҳати дарёфт ва омӯзиши асноди иловагии таърихӣ ба Русия сафарбар карданист, то ки ба ҷониби Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар марз бо Тоҷикистон кумак расонида тавонанд.
Бино ба иттилои «Вечерний Бишкек» зимни як мизи гирд оид ба ин мавзӯъ намояндаи махсуси дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон оид ба масъалаи аломатгузорӣ дар марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон Қурбонбой Искандаров изҳор намудааст, ки айни замон танҳо 590 километри марзи кишварҳо аломатгузорӣ шудаанд.
«Ҷонибҳо оид ба дарёфт ва омӯзиши ҳуҷҷатҳои иловагӣ оид ба ин масъала тавофуқ ҳосил намуданд. Барои ҷустуҷӯи асноди таърихӣ дар ин мавзӯъ мо ҳайатамонро ба Русия фиристоданием. Ҳайати Тоҷикистон бо ин мақсад аллакай аз Русия боздид намуд», - иброз доштааст ӯ.
Қ.Искандаров бар ин назар аст, ки «гуфтушунидҳо бо ҳамсоякишвар оид ба масоили марзиро мебояд бо муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқӣ барқарор намуд». «Ба сифати асоси ҳуқуқии муайян кардани хатти марзи давлатӣ Қирғизистон маводи солҳои 1955-1959-умро пешниҳод мекунад, вале Тоҷикистон дар мавқеъи худ истодагарӣ намуда, дар ин масъала маводи ҷудошавии марзҳо дар соли 1927-ро асос медонад, аз ин рӯ, то ҳанӯз мо ба таҳияи санади муштарак дар ин хусус ноил нагардидаем», - қайд кардааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 970,8 километрро ташкил медиҳад.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста