Зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 6 октябр дар шаҳри Сочи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар тӯли 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд.

«Вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад. Қариб дар тӯли беш аз 60%-и марз, дар муқобили ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳад амалиёти низомӣ ҷараён дорад. Ин вазъ барои мо хеле нигаронкунанда аст, аз ин рӯ, мехостам зимни вохӯрии имрӯзаамон маҳз масъалаи таъмини амният дар минтақаро баррасӣ кунем», -  иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Русия бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон.

Дар навбати худ Владимир Путин қайд кардааст, ки аз вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Русия нигарон аст. «Гуфтушунид оид ба масоили муносибатҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақа, ки бешубҳа боиси нигаронии мост, зарур аст», - гуфтааст президенти Русия.

Гуфта мешавад, ҳамчунин президенти Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш низ табрику таҳният гуфтааст.