Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумоти аз ҷониби 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур шудани марзи ин кишварро рад кард. Аммо дар қитъаи то ҳол мувофиқанашудаи марз шахсони номаълум сутуни оҳану бетониро кандаанд.
Радиои «Азаттик» бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ дод, ки маълумот дар бораи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби беш аз 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва изҳороти онҳо доир ба ҳуқуқҳояшон дар истихроҷи канданиҳои фоиданок асоси воқеъӣ надорад. «Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон орому босубот аст», - хабар додааст хадамот.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти матбуот, соати 23:50 дақиқаи рӯзи 18 сентябр 6 нафар афроди номаълум ба хатти шартии марз дар мавзеи Кӯк-Тоши ноҳияи Ботканд омада, сутуни оҳану бетониро, ки сокинони деҳоти Оқ-Сой дар марзи давлатӣ гузоштаанд, кӯчонидаанд.
Гуфта мешавад, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дарҳол ба макони ҳодиса ҳозир шудааанд, зеро ин қитъаи сарҳад ҳанӯз мувофиқанашуда буда, он то таъйин шудани ба кадом ҷониб тааллуқ доштани он, тибқи қарордодҳои дуҷониба посбонӣ мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки то соати 5-и субҳи рӯзи 19 сентябр сутуни оҳану бетонӣ дар ин қитъаи марз барқарор карда шудааст.



