— Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар соҳили рӯдхонаи Панҷи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршиневи ВМКБ шаҳрванди 16-солаи Афғонистон Элчибек валади Назримамадро ҳангоми убур аз дарё ба воситаи чархи мошин дар соҳили дарё боздошт намуданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар вақти кофтуков аз борхалтаи селофаниии ӯ ба миқдори 1 килограмму 700 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героин пайдо дарёфт шудааст.
Ба гуфтаи Элчибек, вай 16-сола буда, дар деҳаи Саричашмаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд ва ба ин кор ӯро як шиносаш бо фиреб ҷалб намуда, ваъда додааст, ки агар борро ба «манзил» расонад, ба ӯ 300 доллар медиҳад.
Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул»и ноҳияи Ҳамадонӣ як қочоқбари афғон кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса тақрибан 20 кило маводи мухаддир ва милтиқи шикорӣ бо 16 дона тираш дарёфт шудааст.



