Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев рӯзҳои 30-31 октябр аз Тоҷикистону Ӯзбекистон боздид мекунад. Дар ин бора рӯзи сешанбе ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар дод.
“Рӯзи 30-юми октябр дар Душанбе ва рӯзи 31-уми октябр дар Тошканд Николай Патрушев машваратҳои Русияву Тоҷикистон ва Русияву Ӯзбекистонро дар самти фаъолияти дастгоҳҳои шӯроҳои амният баргузор мекунад”, - қайд мешавад дар хабар.
Котиби Шӯрои амнияти Русия мунтазам бо ҳамтоҳои худ аз дигар кишварҳо машваратҳоро оид ба масоили бехатарӣ баргузор мекунад.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Русия ба маблағи 320 млн. рубл (5 млн. доллари ИМА) ба артиши Тоҷикистон техника ва аслиҳаи ҳарбӣ дод. Маросими супурдани он дар Душанбе пас аз анҷоми машқҳои СААД “Бародарии шикастнопазир-2019” доир шуд.
Пештар аз ин Русия барои пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистон низоми мушакии С-300ПС интиқол дод. Ҳадаф аз ин амал ҳимояи иншооти ин пойгоҳи ҳарбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва дифои зиддиҳавоии минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста