Ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии муовини сарвазир Жениш Раззоқов бо ҳайати Тоҷикистон доир ба вазъ дар сарҳад гуфтушунид мекунанд. Интизор меравад, ки ин вохӯрӣ 14-уми январ дар минтақаи наздимарзӣ доир мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.
Ҳайати Қирғизистон аз роҳбарони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин мақомоти дахлдори давлатӣ иборат хоҳад буд.
Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим намояндагони Прокуратураи генералӣ, КДАМ, ВКД ва дигар сохторҳои марбута шомил шудаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” ёвари муовини сарвазири Тоҷикистон хабар дод, вохӯрӣ дар шаҳри Исфара баргузор мешавад.
Дар гуфтушунид вазъ дар сарҳади кишварҳо, тадбирҳои минбаъда бобати ба эътидол овардани он, масоили таҳкими амният дар марз, чораҳои пешгирии муноқишаҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин масъалаҳои суръатбахшӣ ба кори таъйин ва аломатгузории хати сарҳади байни давлатҳо баррасӣ мешаванд.
Вохӯрии мазкур мутобиқи қарордоде, ки дар натиҷаи суҳбати телефонии сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 11-уми январ ҳосил шуд, баргузор мешавад.
Зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков аҳаммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои сарҳадотро махсус таъкид карданд.
Ёдрас мекунем, ки муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 9-уми январ сар зада, сокинони деҳоти наздимарзӣ аз ду ҷониб мошинҳои ҳамдигарро сангборон карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста